Эрон: 87 026 нафар ба коронавриус мубтало шуданд, 64 843 нафар шифо ёфтанд

Эрон: 87 026 нафар ба коронавриус мубтало шуданд, 64 843 нафар шифо ёфтанд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълон кард, то кунун 64 ҳазору 843 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон гуфт дар 24 соати ахир 1300 бемори нав ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории  “Парстудей”.
Вай афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 87 ҳазору 26 нафар дар Эрон ба коронавриус мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин гуфт, мутаасифона дар 24 соати охир фавти 90 нафар дар ба қайд гирифта шуд.
Шумори умумии ҷонбохтагон аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 481 нафар расидааст.  

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ