Маҳсулоти умумии дохилии Ӯзбекистон ба ҳар нафар аҳолӣ 341 долларро ташкил намуд

Дар моҳҳои январ-марти соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар нархҳои ҷорӣ 110 триллиону 518,8 миллиард сӯмро ташкил кард ва нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба 4,1 фоиз сабзид. Индекси дефлятори МУД нисбати нархҳои моҳҳои январ-марти соли 2019 114,1 фоизро ташкил кард. МУД -и ба ҳар як нафар аҳолӣ ҳисобкардашуда 3,25 миллион сӯмро, ё ин ки 341 доллари ИМА-ро ташкил намуд ва ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба 2 фоиз сабзидааст. Дар ин бора Кумитаи оморшиносии давлатии мамлакат хабар дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ