Гурӯҳи коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон ва Туркманистон меоянд

Гурӯҳи коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон ва Туркманистон меоянд

  • Post category:Ҷаҳон


Гурӯҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ният дорад, ки ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон ва Туркманистон боздид кунад.
Дар ин бора директори Дафтари Минтақавии СУТ дар Аврупо Ханс Клуге зимни як брифинг дар Копенгаген иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад гурӯҳи коршиносон тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон монда, аз якчанд шаҳрҳо, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳими кишварҳо дидан хоҳанд кард. Ин гуруҳи мушовирон алакай тайи моҳи ҷорӣ аз Беларусия дидан карда буданд.
Ҳайати коршиносони пас аз боздиди аз кишварҳо  вазъи эпидемиологиро баррасӣ карда барои такмил додани чораҳои муҳофизат аз паҳншавии коронавирус машваратҳо хоҳанд дод.
Ҳамчунин пас аз поёни боздид барои мубодилаи арзёбии вазъи минтақа брифинги кушода баргузор хоҳанд кард.
Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ин ду кишварро дар қатори 11 давлати дигар ба рӯйхати давлатҳо шомил кардааст,  бо нуқтаҳои сафед  дар харитаи нишон дода шудаанд, ки дар онҳо коронавиру сабт нагаштааст.
 Тибқи иттилоияҳои расмии мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳудуди ин кишварҳо ягон ҳодисаи мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ