Дар Русия дар як шабонарӯзи гузашта 5 849 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус муайян карда шуд

Дар Русия дар як шабонарӯзи гузашта 5 849 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус муайян карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Ситоди фаврии Русия хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи гузашта аз 82 минтақаи кишвар 5 ҳазору 849 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус муайян карда шуд. 
Аз ин шумора 2957 нафарашон ба Маскав, 661 кас ба вилояти Маскав ва 253 тан ба Санкт-Петербург рост меояд.
Бояд қайд кард, ки дар се минтақаи Русия  — Тива, Омск ва Сахалин нахустин мавриди гирифторшавӣ ба COVID-19 таъйид гардид.
Дар ҳамин ҳол, бештар аз 46 дар сади гирифторон ягон нишонаи коронавирусро надоштанд.
Дар 24 соати гузашта 60 тан ҳалок ва 677 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамагӣ то имрӯз дар 85 минтақаи Русия 68 ҳазору 622 кас гирифтори коронавирус шудаанд. 615 нафар дар натиҷаи ин беморӣ фавтиданд. 
Ёдрас мешавем, баъди чанд рӯзи камшавии сироятёбӣ дар Русия, омори рӯзи гузашта боз афзуд. Як рӯз пеш дар кишвар 4 ҳазору 774 тан беморони СOVID-19 пайдо шуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ