COVID-19: то охири соли 2020 дар миқёси ҷаҳон 265 миллион нафар танқисии маводи ғизоиро эҳсос хоҳанд кард


Вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус, ки пандемияро ба вуҷуд овардааст, Созмони Милали Муттаҳид як таҳлили иқтисодиеро омода ва паҳн кардааст.
Дар он Созмони Милали Муттаҳид пандемияи коронавирусро “буҳрони бадтарини башардӯстона пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон” муаррифӣ кард.
Бино ба изҳороти ин ташкилоти бонуфуз, то охири соли 2020 дар миқёси ҷаҳон 265 миллион нафар танқисии шадиди маводи ғизоиро эҳсос хоҳанд кард.
Ба 130 миллион сокини кишварҳои гуногун, ки асосан дар қитъаи Африка ба сар мебаранд, гуруснагӣ таҳдид мекунад.
Дар байни сокинони минтақаҳои Ховари Миёна ва Осиё 43 миллион ва дар давлатҳои Америкаи Лотинӣ 18,5 миллион нафар аз имконияти дастрасӣ ба маводи хӯрока маҳрум мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ