COVID-19: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?

COVID-19: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?
  • Post category:Ҷаҳон


Ба ҳолати соати 9-и 24-уми апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 725 ҳазору 920 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 745 ҳазору 905 кас ва фавтидагон 191 ҳазору 60 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 886 ҳазору 709 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 50 ҳазору 243 нафар ва шумораи шифоёфтагон 85 ҳазору 922 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 213 ҳазору 24 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 635 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 22 ҳазору 157 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 89 ҳазору 250 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 189 ҳазору 973 нафар ва теъдоди фавтидагон 25 ҳазору 549 нафар мебошад. Дар Франсия 158 ҳазору 183 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 21 856 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 153 ҳазору 129 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 575 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 138 ҳазору 78 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 18 ҳазору 738 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 101 ҳазору 790 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 491 ва 18 491 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 87 ҳазору 26 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 481 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 804 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.
Дар Россия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 4 774 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 62 773 кас расид. Аз ин шумора 4 891 нафар табобат шуда, 555 кас фавтидаанд.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 8 022 ҳолат, Украина – 7 170, Молдова – 2 926, Қазоқистон – 2 334, Озарбойҷон – 1 548, Арманистон – 1 523 ва Қирғизистон — 656 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
То имрӯз дар Озарбойҷон 948 нафар, Беларус – 938, Молдова – 661, Арманистон – 659, Қазоқистон – 560, Украина — 504 ва Қирғизистон – 322 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Украина 187 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 80, Беларус – 60, Арманистон – 24, Қазоқистон – 22, Озарбойҷон – 20, Қирғизистон – 8 нафар фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 279 нафар буда, 179 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 42 тани дигар вафот кардаанд.
Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 13 930 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 121 ҳолати фавт ва 1 925 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 8 756 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 56 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 7 764 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 287 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 3 891 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 677 нафар ва шумораи фавтидагон 83 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 217 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 14 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 2 399 нафар сироят ёфтаанд. Шумораи мубталоён дар Сурия 42 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ