Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн  баргузор гардид

Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн  баргузор гардид
  • Post category:Саломатӣ

Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн  баргузор гардид.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар анҷуман роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои саратоншиносии кишварҳои ИДМ иштирок ва ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи соҳа, инчунин, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон табодули афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки Анҷумани саратоншиносон  ва радиологҳои кишварҳои ИДМ аввалин маротиба  соли 1996  дар шаҳри Маскав баргузор гардида буд.
Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ  анҷумани мазкур дар шаҳри Қазон доир мегардид. Аммо, бо назардошти вазъи сирояти коронавирус тасмим гирифта шуд, ки он тариқи онлайн доир гардад.
Маврид ба зикр аст, ки мутахассисони кишвар бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар ин анҷуман ба тариқи онлайн баромад намуда, масъалаҳои муҳими соҳаи саратоншиносӣ ва радиологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ