Неймар омодааст, ки бо маоши кам ба «Барселона» гузарад

Форварди бразилии бошгоҳи «Пари Сен Жермен»- Неймар омодааст, ки музди маоши худро кам кунад то ба “Барселона” баргардад.
Ба маълумоти сарчашма айни ҳол ин футболбози бразилӣ дар як сол 52 млн евро музди маош мегирад. Ин маблағ ба суратҳисоби Неймар аз ҳисоби “ПСЖ” ва бонки Қатар гузаронида мешавад. Худи Неймар розӣ шудааст, ки ҳатто музди маошаш се баробар кам шавад,  аммо ба “Барселона” гузариш кунад.
Ёдовар мешавем, ки Неймар соли 2017 бо арзиши рекордии 222 млн евро ба “ПСЖ” гузашта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ