Дар Самарқанд аввалин бемор ва фарзандони ӯ аз бемории коронавирус шифо ёфтанд

Дар Самарқанд аввалин бемор ва фарзандони ӯ аз бемории коронавирус шифо ёфтанд

Чӣ хеле, ки дирӯз хабар дода будем дар Самарқанд 4 бемор аз коронавирус пурра табобат шуданд.
Имрӯз онҳоро дар ҳамкорӣ бо маъмурияти вилоят ва кормандони шӯъбаи тандурустӣ ба хонаҳои худ бурданд. Ду нафар мардон ва ду нафар ноболиғон мебошанд.

Ду фарзандам ва худам бемор будем, — мегӯяд аввалин бемори коронавирус дар Самарқанд. — Ҳоло ҳар яки мо хурсандем, ки аз ин беморӣ озодем. Мо ёрии духтурон ва ҳукуматро ҳис кардем. Дар байни онҳое, ки то ҳол табобат мегиранд, хешовандон дорем.
Ман умед дорам, ки онҳо ва ҳамаи дигар беморон ин бемориро мағлуб мекунанд. Ман мехоҳам, ки ҳама худро муҳофизат кунанд. Ба қоидаҳо бояд риоя кунанд. Бемор будани тамоми оила боиси ташвиш аст. Аз ин рӯ, ба маслиҳатҳои табибон бояд қатъиян риоя кардан лозим. -Инчунин, ғайр аз аъзои оилаи мо ба дигарон ин беморӣ сироят накардааст» гуфт ӯ. — Беморӣ барои ман он қадар бад набуд, табибон на танҳо моро бо доруҳо табобат карданд, балки рӯҳбаланд карданд, ба мо имкон доданд, ки ба ваҳму воҳима наафтем. Ин муҳимтарин дар мубориза бар зидди беморӣ буд.
Корҳое, ки дар мамлакати мо бар зидди ин вирус ба амал омадаанд, дар Самарқанд низ чунин табобатҳо гузаронида шуданд, — мегӯяд доктори илмҳои тиб С.Вафокулов. — Бори аввал дар 50 соли фаъолияти худ дар беморхонаи вилоятии сироятӣ мо ба чунин пандемия дучор омадаем. Бо вуҷуди ин, табибон рӯҳияи худро гум накардаанд ва вазифаҳои худро возеҳ ва боғайратона иҷро карда истодаанд. Айни замон, беморони гирифтори коронавирус дар Самарқанд дар ҳолати хуб қарор доранд, на дар ҳолати вазнин. Модари 80-сола, ки бемории музмин дорад, низ аз ин беморӣ азоб мекашид ҳолати ҳолати ин бемор хуб Ёрии мунтазам ба беморон аз ҳисоби ҷалби духтурони баландихтисоси дигар ихтисосҳо дар беморхона, инчунин робитаи доимӣ бо мутахассисони пойтахт ва хориҷа расонида шуд. Ҳамзамон ҳолати модар беҳтар шуд. Беморони дигар низ рӯзҳои наздик сиҳат хоҳанд шуд.

Гулрух Муминова

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ