Тоҷикистон: аз таътили муваққатӣ то манъи ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷа

Тоҷикистон: аз таътили муваққатӣ то манъи ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷа

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз таҳти раёсати сарвазири Ҷумҳурияти Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид. Дар ин бора шабакаи «Азия-Плюс» бо истинод ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурияти Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба маълумоти манбаъ дар ин ҷаласа қарор қабул шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.
Инчунин, дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19, дар тамоми қаламрави ин кишвар муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.
Ғайр аз ин, бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ муваққатан аз ҳудуди ин ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содироти ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгӣ, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ шудааст.
www.asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ