Нурмат Отабеков: Коронавирус аз рӯи замин нест намешавад, он «азони худӣ» шуда мемонад

  • Ҳоло мардуми моро «пас аз тамом шудани карантин чӣ кор хоҳем кард, оё тарзи зиндагии мо мисли пешина идома хоҳад ёфт?» барин саволҳоба ташвиш меорад. Ба фикри шумо, оё ин беморӣ пурра аз рӯи замин нест мешавад? Пеш аз пайдо шудани ваксина, хусусан дар як ё ду соли оянда моро чӣ интизор аст, пас аз тамом шудани карантин вазъи эпидемиологӣ дар кишвари мо чӣ гуна шуданаш мумкин?
    Ба ин саволҳои хабарнигори ӮзА Сарнозири давлатии санитарӣ Нурмат Отабеков посух дод:
  • Пеш аз ҳама, ҳаёт пас аз тамом шудани карантин идома меёбад. Зиндагии пурпечутоб: боз даву този зиндагӣ, ташвиши рӯзгор, ният ва кӯшишҳо дар бораи дидани хандаи наберагон, тӯйҳо, чорабиниҳо, ки чанд вақт бо сабаби маҳдудият баргузор нашудаанд пас оромона давом меёбад. Коронавирус аз рӯи замин нопадид нахоҳад шуд, балки чун «аз они худӣ» шуда мемонад.
    Шояд ба истифодаи ягон ваксина эҳтиёҷ намонад, боз пешакӣ ҳеҷ чиз гуфта намешавад. Он чизе, ки ман «худӣ» -ро дар назар дорам, ин аст, ки коронавирус, ба монанди зуком, параинфлюза ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ (ревирус, реовирус ва ғайра), ба дигар бемориҳои маъмули нафаскашӣ дар одамон табдил меёбад. Чаро ман инро мегӯям? Вирус он қадар шубҳанок нест, тақрибан дар 90% ҳолатҳо беморӣ сабук ва асимптоматикӣ аст (бе нишонаҳои клиникӣ), танҳо дар 5-6% ҳолатҳо он метавонад шадид бошад (ба монанди зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас).
    Агар табобат барвақт сар шавад, самаранокӣ низ хеле баланд мешавад. Аз ҳама муҳим, ба воситаи риояи қатъии гигиенӣ худро аз сирояти он муҳофизат кардан мумкин аст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ