Соҳибкорони самарқандӣ саховатмандӣ намуда, мардумро дастгирӣ менамоянд

Соҳибкорони самарқандӣ саховатмандӣ намуда, мардумро дастгирӣ менамоянд


Имрӯзҳо Ҳаракати умумхалқии «Саховат ва дастгирӣ» дар тамоми кишвар паҳн шудааст. Тадбирҳои он аз ҷониби соҳибкорони Самарқанд низ дастгирӣ карда мешавад. Хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳибкорон оилаҳои камтаъмин, бекоронеро, ки дар деҳаҳо, биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, муайян карда, онҳоро ба ҷамоатҳои худ ба кор қабул мекунанд.
Аз ҷумла, роҳбари корхонаи хусусии «Ҳикматулло» Акмал Асадов ва роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ALJ SAMARQAND» Шоҳрух Алибеков ба маҳаллаҳои Сиёчча ва Дамариқи шаҳри Самарқанд ташриф оварда, чорабиниҳои хайрия ташкил карданд. Оилаҳои камтаъмини маҳаллаи Сиёбча дар асоси рӯйхате, ки раиси маҳалла Р. Ғафуров ва фаъолон пешниҳод намудаанд, бо маҳсулоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар маҳаллаи Дамарик ярмаркаи хӯрокворӣ ташкил карда шуд.
Соҳибкорон 1000 дона нон ба мардум тақсим карда, бо нархҳои арзон фурӯши мурғ, тухм, помидор, бодиринг ва кабудиро ба роҳ монданд.

  • Рамазон як моҳест, ки ба дуоҳо иҷобат мешаванд, — мегӯяд роҳбари корхонаи хусусии «Ҳикматулло» А. Асадов. – Ғайр аз ин ба эҳтиёҷмандон кӯмак расонидан қарзи инсонии ҳар яки мо мебошад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ