Дар байни давлатҳои арабӣ аз рӯйи мубталоён ба коронавирус

Дар байни давлатҳои арабӣ аз рӯйи мубталоён ба коронавирус
  • Post category:Ҷаҳон

Арабистони Саудӣ пешқадам аст
Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 15 102 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 127 ҳолати фавт ва 2 049 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 9 281 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 64 нафар фавтидаанд.
Дар Қатар 8 525 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 294 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 4 092 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 708 нафар ва шумораи фавтидагон 86 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 518 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 15 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 2 614 нафар сироят ёфтаанд. Шумораи мубталоён дар Сурия 42 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ