Аз бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон беш аз 800 ҳазор нафар комилан шифо ёфтанд

Аз бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон беш аз 800 ҳазор нафар комилан шифо ёфтанд

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маълумотномаи тоза дар мавриди теъдоди умумии гирифторони коронавирус, шифоёфтагон ва қурбониёни ин маризиро мунташир намудаст.
Ба гузориши созмони мазкур, ба ҳолати соати 10-и 25 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба COVID-19  2 миллиону 831 ҳазору 860 нафар буда, аз онҳо 807 ҳазору 10 кас шифо ёфтаанд ва 197 ҳазору 318 мариз фавтидаанд.
Манбаъ Амрикоро аз лиҳози шумораи бештари маризон дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор додааст. Дар ин кишвар феълан 925 ҳазору 232 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 52 ҳазору 193 нафар ва шумораи шифоёфтагон 110 ҳазору 432 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 219 ҳазору 764 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 6 740 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 22 ҳазору 524 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 92 ҳазору 355 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 192 ҳазору 994 нафар ва теъдоди фавтидагон 25 ҳазору 969 нафар мебошад. Дар Фаронса 159 ҳазору 828 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 22 245 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Олмон теъдоди мубталоён 154 ҳазору 999 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 760 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Бритониё 143 ҳазору 464 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 19 ҳазору 506 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 104 ҳазору 912 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 600 ва 21 737 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 88 ҳазору 194 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 574 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 816 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.
Дар Русия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 5 849 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 68 622 кас расид. Аз ин шумора 5 568 нафар табобат шуда, 615 кас фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ