Муҳорибаи навбатии Ҳабиб моҳи сентябр-октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд

Муҳорибаи навбатии Ҳабиб моҳи сентябр-октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Муҳорибаи наздиктарини размикори Доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов на дертар аз моҳи сентябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.
Дар ин бора Уайт зимни як мусоҳиба бо ESPN гуфтааст, ки муҳорибаи навбатии Нурмуҳаммадов моҳи сентябр-октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, таваққуфи муҳориба дар карераи қаҳраомни UFC тақрибан як сол мешавад. Дар ин бора раҳбари UFC Дана Уайт хабар дод.
Ёдовар мешавем ахиран муҳорибаи Ҳабиб моҳи сентябри соли 2019 Дастин Поре доир шуда буд.
Тибқи тарҳрезии пеш 18 апрел Ҳабиб бо Тони Фергюсон мебоист дар доираи UFC 249 рақобат кунанд, аммо ин чорабинӣ бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв шуд ва пеш аз он UFC ба ҷойи Ҳабиб барои Фергюсон рақиби нав пайдо кард.
Аммо рӯзи ҷумъаи гузашта маълум шуд, ки ин мусобиқа 9-уми май дар Ҷексонвил баргузор мешавад. Ба ҷои Нурмуҳаммадов, Фергюсон бо Ҷастин Гэтҷӣ рақобат хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ