Дар метрои шаҳри Маскав теъдоди мусофирон ба андозаи 80 фоиз кам шуд. Сабаб…


Метрои шаҳри Маскав пас аз эълон шудани режими хонашинӣ, бесобиқа тағйир ёфтааст. Агар қаблан он яке аз маконҳои серодами шаҳри Маскав ба ҳисоб мерафт, ҳозир ба камчинтарин макон аз мусофирон табдил ёфтааст.
Аз 22-юми апрел дар нақлиёти ҷамъиятии Маскав системаи назорати автоматии гузаришҳои рақамӣ ҷорӣ карда шуд. Барои сафар мусофирон метавонед танҳо кортҳои «Тройка», «Стрелка», чиптаҳои якмоҳа ва кортҳои иҷтимоии барои сокинони Маскав истифода намоянд.
Ба ин тариқ теъдоди мусофирон ба андозаи 80 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон барои бартараф кардани хавфи паҳншавии вирус, пайваста дохили метро безараргардонда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ