Дар Алмаато шумораи сироятшавӣ ба коронавирус аз 15,6 фоиз ба 4 фоиз кам гардид

Дар Алмаато шумораи сироятшавӣ ба коронавирус аз 15,6 фоиз ба 4 фоиз кам гардид
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Алмаато тӯли як ҳафта шумораи ҳодисаҳои нави сироятшавӣ ба коронавирус аз 15,6 дарсад ба 4% фисад коҳиш ёфтааст, хабар додааст сармутахассиси давлатии санитарии Алмаато Жандарбеек Бекшин дар як нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар қаламрави ин шаҳр 793 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки аллакай 90 дардманд шифо ёфта аз бемористон ҷавоб шуданд.
«Дар як рӯз 31 ҳодисаи нав ба қайд гирифта шуд. Агар сатҳи беморшавӣ дар аввали ҳафта 15,6% буд, ҳоло ин 4% аст. Мо пастшавии суръати сироятро мушоҳида мекунем» — афзудааст Бекшин.
Инчунин, сардухтури санитарии Алмаато қайд кард, ки аз миёни 8590 нафаре, ки дар қарантини хонагӣ қарор доранд, аломатҳои бурузи ин маризӣ ошкор нашудааст.
Аммо, Бекшин ёдовар шуд, ки сокинони шаҳр набояд бепарво шаванд. Азбаски дар байни кӯдакони то 14 сола 40 ҳодисаи нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин рӯ режими хонашинӣ бояд ҷиддан риоя шавад ва ҳамчунин қоидаҳои оддитарини покизагӣ риоя шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ