Дар Тоҷикистон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои варзишӣ манъ карда шуд


Аз 25 — уми апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои варзишӣ мавқуф гузошта шуданд. Дар ин бора шабакаи «Ахбори Тоҷикистон» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ Қарори манъи баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар ҷараёни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дирӯз 25. 04. 2020 гирифта шуд.
Дар ҷаласаи ситоди мазкур, ки таҳти роҳбарии сарвазири Ҷумҳурияти Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, баргузор гардид, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз коронавирус баргузор гардидани чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ манъ карда шаванд.
Ҳамин тариқ, дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми қаламрави ин мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ, боздошта шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон ҳоло мавориди зуҳур кардани маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ