Ҳаққи кас


Як моҳидори камбағал моҳии калон дошта, хурсанд шуда мерафт, ки як безорӣ баромада моҳиро талаб кард. Моҳидор гуфт, ки ин моҳиро фурўхта, ба пули он барои фарзандони гушнааш хўрок мехарад. Аммо роҳзан моҳиро аз ў бо зўрӣ гирифт.
Моҳидор чӣ қадар илтимосу зорӣ кунад ҳам муштумзўри безорӣ пинакашро вайрон накарда, моҳиро гирифта рафт.
Моҳиро гирифта, дар роҳ мерафт, моҳи бисёр ҷунбида аз тўр мефарояд. Роҳзани дилозор моҳиро аз нав дошта, ба тўр меандохт, моҳӣ дасти ӯро газида, ҷароҳат мекунад. Аз панҷааш хун мебарояд. Роҳзан ба ин эътибор надода, ба хонааш меояд ва ҳеҷ чизро фикр накарда моҳихўрӣ мекунад.
Панҷаи ҷароҳатдидааш тамоми шаб сахт дард мекунад. Хоб аз чашми роҳзан мепарад. Ба дард тоқат карда натавониста пагоҳӣ пеши табиб меравад.
Табиб мегӯяд, ки ҷароҳаташ ҷиддӣ аст. Агар панҷаашро набуранд, тамоми дасташ осеб мебинад.
Панҷаашро бурида партофтанд. Дарди ҷароҳат намемонад. Табиб дасташро то оринҷ мебурад, дард ҳамон бештар мешавад. Дасташро то китф бурида мепартояд.
Роҳзан аз дард азоб кашида, назди донишманде меравад. Донишманд ҳамаи воқеаро фаҳмида мегўяд:

  • Ту тез моҳидорро ёб. Дарди ту аз норозигии ӯст. Аз ӯ узр пурсида, моҳидорро розӣ накунӣ ба дардат даво намеёбӣ.
    Роҳзан моҳидорро кофта меёбад. Аз ӯ узр пурсида, ҳодисаи аз аввал то охир гуфта медиҳад. Моҳидор ўро мебахшад. Баъд ў аз моҳидор мепурсад:
  • Он рўз, ки моҳиро аз ту гирифтам, ба Офаридгор чӣ гуфта гиря кардӣ?
    Моҳидор мегўяд:
  • Бо дасти пурқувваташ зўравонӣ кард. Қуввати ман нарасид, аммо ман ин корро ба Худо ҳавола кардам. Гирякунон назди фарзандонам бо дасти холӣ рафтам. Аллоҳ ризқамонро худаш расонид…
    Роҳзан, ки аз як даст ҷудо шуда буд, фарёд кашида гиря кард, аммо акнун бевақт шуда буд…
    Таҳия ва тарҷумаи Л.Раҳимова
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ