Имрӯз рӯзи таваллуди шоири халқии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф буд


Шоири дӯстдоштаи халқии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф 26 уми апрели соли 1954 дар деҳаи Қовунчии ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон ба дунё омадааст.
Ӯ пас аз хатми мактаб ба донишкадаи забон ва адабиёти русӣ дохил шуда, соли 1978 хатм мекунад. Вай дар ҷамъияти китобдӯстони Ҷумҳурият, солҳои 1980-1986 дар рӯзномаи «Тошкент оқшоми», солҳои 1986- 1992 дар нашриёти «Адабиёт ва санъат»- и ба номи Ғ. Ғулом ва дар рӯзномаи «Ӯзбекистон овози» кор кардааст. То охири умр дар вазифаи котиби иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон фаъолият дошт.
Бо қалами ӯ дастовардҳои зиёд монанди: «Таниш тераклар»(сафедорҳои шинос), «Булбулга бир гапим бор» (ба булбул гапе дорам), «Илтижо»(илтиҷо), «Уйқудаги қиз»(духтаре дар хоб), «Ҳалима энам аллари»(аллаҳои Ҳалимаона), «Ишқ кемаси»(киштии ишқ), «Кӯнглимда бир ёр» (ёре дар дилам), «Бевафо кӯп экан»(Бевафо бисёр будааст), «Эрка кийик»(оҳуи баноз), «Ёлғончӣ ёр» (ёри дурӯғгӯй) аз нашр баромадааст.
Соли 1998 ба шоир унвони волои «Ӯзбекистон халқ шоири» (шоири халқии Ӯзбекистон) дода шуд. Ӯ соли 2001 дар синни 47 солагӣ аз олам гузашт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ