Замини наздиҳавлигӣ — хазинаи бебаҳо Мардум замини наздиҳавлигиро хазинаи бебаҳо медонад.

Замини наздиҳавлигӣ — хазинаи бебаҳо Мардум замини наздиҳавлигиро хазинаи бебаҳо медонад.

Агар замин босамар истифода шавад, ҳамин қадар зиндагӣ фаровон ва ба рӯзгор барака ҳамроҳ мешавад. Мутаассифона, на ҳама аз замини худ самаранок истифода мебарад. Сокинони маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд аз таҷрибаи падару бобоён истифода бурда, дар корҳои кишоварзӣ маҳорати ғанӣ доранд. Соҳибони касбу кори гуногун бошанд ҳам, бо деҳқониву боғбонӣ ном бароварданд. Аҳли хонадони Ансор Азиммуродови ин маҳалла дар ин бобат ба бисёриҳо намунаи ибрат мебошанд. Онҳо дар 15 хол гармхонаи худ меҳнат карда, даромади нағз ба даст меоранд. Онҳо 1- уми феврал 70000 бех парвардаи навъи «Чамп»- и карами оддиро дар гармхона шинонда буданд. Карам дар даҳрӯзаи дуюми моҳи май пухта мерасад. Баъди кандани карам ба замини холишуда парвардаҳои зудпазаки помидор мешинонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ