Сенатор ба ноҳия Пахтачӣ рафт

Сенатор ба ноҳия Пахтачӣ рафт

Дар шаҳраки Зиёвуддини ноҳияи Пахтачӣ, дар асоси Барномаи давлатии “Маркази обод” корҳои сохтмон ва ободонӣ ҷараён доранд.
Сафари узви Сенати Олий Маҷлис Фармон Тошев аз ин ноҳия бо мушоҳида аз корҳои сохтмону ободоние, ки дар ин ҷо амалӣ мешаванд, оғоз гардид.
Сенатор аввал бо ҳокими ноҳия Музаффар Ҳамдамов ва корҳои созандагие, ки дар атрофи майдони хотираи ҷасорати Қудрат Суюнов анҷом дода мешаванд, шинос шуд.
Сохтмони Хонаи матбуот, маркази маҳалла дар маркази ноҳия ва биноҳои истиқоматӣ ва ҳангоми пандемия бо таҷҳизоти зарурии муҳофизатӣ таъмин карда шудани коргарон, аз диққати сенатор дур намонд.
Ҳангоми давр задани хонаҳои аҳолӣ, ки заминро кишт мекунанд ва истифода мебаранд, хотирнишон карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо маъмурияти ноҳия ба соҳибони замин дар фурӯши тухмӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулот кӯмак расонида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ