Дар Эрон аз модари мубтало ба коронавирус навзоди 800 грамӣ бо бемории COVID-19 таваллуд шуд. Аҳволи кӯдак чӣ хел аст?

Дар Эрон аз модари мубтало ба коронавирус навзоди 800 грамӣ бо бемории COVID-19 таваллуд шуд. Аҳволи кӯдак чӣ хел аст?
  • Post category:Ҷаҳон

Доктор Маҳмуди Нурии Шодком, муовини дармони Донишгоҳи улумпизишкии шаҳри Язд дар маркази Эрон гуфтааст, ки 40 рӯз пеш навзоди 800 грамӣ аз модари мубтало ба коронавирус мутаваллид шуд ва бо таваҷҷуҳ ба мусбат шудани натиҷаи озмоиши коронаи худи ӯ, иқдомҳои дармонӣ барои ин навзод шуруъ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бино бар иттилои манбаъ, ин навзод, ки Амирарсалон ном дорад коронавирусро шикаст дода ва акнун як килову 200 грам аст.
Доктор Нурии Шодком зимни ибрози шодмонӣ аз беҳбуд ёфтани ин навзод ва модараш аз бемории COVID-19 аз мардум хост барои пешгирӣ аз корона ҳамчунон фосилагузории иҷтимоиро риоят кунанд.
Ёдрас мешавем, ки Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон охиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар Эрон дар 24 соати ахир 1134  бемори нав ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 89 ҳазору 328 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ