Русия чӣ тавр аз карантин мебарояд?

Дмитрий Песков ба ин савол ҷавоб дод?
Котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков масъалаи бозгашти зиндагии мардуми Русия ба ҳолати муқаррариро шарҳ дод.
Русия марҳила ба марҳила аз чораҳои маҳдудкунанда барои мубориза бар зидди коронавирус хоҳад баромад, гуфт сухангӯи президанти Русия Дмитрий Песков.
Песков афзуд, вале он марҳилаҳоро бояд муайян кард.
«Маълум аст, ки баромадан аз ин вазъият марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт. Вале он марҳилаҳоро бояд барномасозӣ кард», — гуфт Дмитрий Песков дар барномаи «Москва, Кремл, Путин» — и шабакаи «Россия 1».
Бино ба омори охир, то 26 апрел дар ҳудуди Русия 80 ҳазору 949 кас ба бемории коронавируси навъи COVID — 19 гирифтор шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ