COVID-19: дар ҷаҳон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 3 миллион наздик шуд.

COVID-19: дар ҷаҳон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 3 миллион наздик шуд.
  • Post category:Ҷаҳон

Вазъият дар кишварҳои даҳгонаи пешқадам чӣ хел аст?

Ба ҳолати соати 9:00-и 27-уми апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси 2 миллиону 994 ҳазору 958 нафар буда, аз онҳо 878 ҳазору 955 кас шифо ёфтаанд ва 206 ҳазору 997 тан вафот кардаанд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 987 322 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 55 415 нафар ва шумораи шифоёфтагон 118 781 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 226 629 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 870 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 23 190 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 117 727 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 197 975 нафар ва теъдоди фавтидагон 26 644 нафар мебошад.
Дар Франсия 162 100 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 22 856 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 157 770 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 976 мебошад.
Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 152 840 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 20 732 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 110 130 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 805 ва 29 140 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 90 481 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5710 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 830 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд.
Дар Россия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 6 361 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 80 949 кас расид. Аз ин шумора 6 767 нафар табобат шуда, 747 кас фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ