Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи вафот дар Миср баландтар аст

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 17 522 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 139 ҳолати фавт ва 2 357 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 10 349 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 76 нафар фавтидаанд.
Дар Қатар 10 287 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 317 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 4 534 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 820 нафар ва шумораи фавтидагон 87 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 647 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Кувайт 20 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 3 075 нафар сироят ёфтаанд.
Шумораи мубталоён дар Сурия 43 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ