Дар Беларус 1 695 нафар аз коронавирус шифо ёфтанд

Дар Беларус 1 695 нафар аз коронавирус шифо ёфтанд
  • Post category:Ҷаҳон

Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия, шумораи сироятёфтагон ба 80 949 ҳолат, дар Беларус – 10 463 ҳолат, Украина – 8 617, Молдова – 3 408, Қазоқистон – 2 717, Арманистон – 1 746, Озарбойҷон – 1 645 ва Қирғизистон — 695 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
То имрӯз дар Беларус 1 695 нафар, Озарбойҷон — 1 139, Молдова – 895, Украина — 840, Арманистон – 833, Қазоқистон – 682 ва Қирғизистон – 395 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Украина 209 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 96, Беларус – 72, Арманистон – 28, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 21, Қирғизистон – 8 нафар фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистон шумораи мубталоён ба коронавирус 1 531 нафар буда, 207 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 50 тани дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ