Россия аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар байни даҳгонаи кишварҳо як зина боло рафта, аз Хитой пеш гузашт

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 87 147 нафар расид. Давоми рӯз дар ин давлат 6 198 ҳолати нав ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 7 346 нафар ва шумораи фавтидагон 794 кас мебошад. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия аз Чин пеш гузашта, ба ҷойи 9-ум баромад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 10 463 ва 9 009 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 72 нафар фавтида, 1 695 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 220 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 864 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ