Оё рӯза гирифтан иммунитетро паст мекунад?

Оё рӯза гирифтан иммунитетро паст мекунад?

  • Post category:Саломатӣ


Рӯза гирифтан дар моҳи шарифи Рамазон ва риоя намудани аркони он руҳро тоза ва саломатиро тақвият мебахшад. Нафаре, ки пайваста шикамсерӣ хӯрок мехӯраду шарбату нӯшокиҳои гуногунро тановул мекунад, ҷисмаш аз пурхӯрӣ истироҳат надорад, вуҷудаш пур аз моддаҳои заҳрнок мегардад. Ин тавсия мутахассисон ба онҳоест, ки рӯзаро сабаби паст шудани иммунитет арзёбӣ мекунанд.

Вазни кам ва табобати тарбод

Ҷисми инсон аз истеъмоли ғизои мунтазам дар давоми як сол хаста мегардад ва моҳи Рамазон имкон фароҳам меорад, ки ҷисм дар истироҳат бошад. Дар баробари ин, рӯзагирӣ дар организм ҷараёни тозашавиро ҷорӣ менамояд.

Дар моҳи Рамазон ҳангоми рӯза доштан  суръати таппиши дил камтар ва фишори хун паст мегардад. Сатҳи холестерин паст ва фишори хун ба эътидол меояд. Аз ин рӯ, рӯза барои нафарони дилкасал фоидаовар ба шумор меравад. Рӯзагирӣ муҷиби кам шудани вазни бадан мегардад ва дар натиҷа табобати тарбод (ревматизм) осон мегардад, зеро банду буғумҳо сабуктар мешаванд. Тавре олимон ба қайд гирифтаанд, нафарони гирифтори бемории тарбод дар моҳи Рамазон худро беҳтар ҳис мекунанд. Сабаб дар реҷаи муайяни хӯрокхӯрӣ аст. Баъдан, ин тоифаи беморон метавонанд аз табобати доругӣ пурра даст кашанд. Рӯза барои гирифторони аллергия ва бемориҳои роҳи нафасу бронхит,  барои нафарони бемории диққи нафасдошта низ аз манфиат холӣ нест.

Рамазон кадом бемориҳоро табобат мекунад?

Ба ақидаи табибон, рӯза масуниятро мустаҳкам намуда, нишондоди кори лимфотситҳо ва таркиби ҳуҷайраҳои барои масунияти бадан ҷавобгӯро даҳ маротиб беҳтар месозад. Рӯза садди роҳи фарбеҳӣ гашта, туршнокии аз ҳад зиёдро, ки сабаби пайдоиши захми меъда мегардад, рафъ месозад. Бо шарофати он ки дар моҳи Рамазон миқдори натрий дар хун баланд мешавад, пайдоиши санги гурдаро пешгирӣ менамояд. Рӯзадорӣ хусусан барои ҷавонон муфид аст, бемориҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ кам мешаванд. Нанӯшидани об дар давоми рӯз неруро зиёд ва қобилияти аз худ намудани фанҳои омӯзиширо афзуда, хотираро беҳтар месозаду мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайраҳо ба эътидол меояд.

Ҳамзамон, истеъмол намудани ғизои камнамак ва камравған ҳангоми ифтор бемориҳои илтиҳобии пӯстро, аз қабили нараки пӯст кам месозад. Ғизои кам миқдори қандро дар хуни нафарони гирифтори диабети қанд паст мекунад. Дар натиҷа, ҳолати ғадуди зери меъда сабук гашта, миқдори зиёди инсулин дар ҷисм кам мегардад. Пурхӯрӣ муҷиби бармаҳал пир шудани организм мегардад. Ширинихӯрии аз ҳад зиёд ва пурхӯрӣ ба саломатӣ зарари зиёд мерасонад, бо сабаби халалдор гаштани гардиши хун ва баланд шудани фишори хун дар кори дилу ҷигар иллатҳои гуногун сар мезанад. Рӯзадорӣ на танҳо ҷисму рӯҳ, балки саломатиро мустаҳкам месозад.

Тавре маълум аст, риоя намудани парҳез дар тибби расмӣ барои табобати бемориҳои зиёд, аз ҷумла бемориҳои ҷигар ва рӯдаву меъда аҳамияти хоса дорад. Рӯзагирӣ имкон медиҳад, ки заҳру таҳшинҳо аз организм берун шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ