16 қоидаи муҳим барои пешгирӣ аз коронавирус

16 қоидаи муҳим барои пешгирӣ аз коронавирус

Тавсияҳои доктори илмҳои тиб, аз донишгоҳи Мэриленди ИМА, муовини шуъбаи бемориҳои сироятӣ (Faheem Younus) Фаҳим Юнус дар мавриди роҳҳои сироятёбӣ аз коронавирус:

1-Моро лозим меояд, ки бо Covid19 муддати чанд моҳ умр ба сар барем. Биёед, инро бидуни инкор ва воҳима қабул намоем. Беҳтараш зиндагии худро душвортар насохта, бо ин далел зиндагӣ карданро одат бояд кунем.

2 — Вирус бо фаро расидани фасли тобистон кам намешавад. Айни замон дар Бразилия ва Аргентина ҳарорати ҳаво хеле баланд аст, вале вирус дар он ҷо низ ба зудӣ паҳн мешавад.

3- Шумо вирусҳои Covid19-ро, ки ба ҳуҷайраҳои инсон ворид мешавад, бо нӯшидани оби зиёд нобуд сохта наметавонед, танҳо зуд-зуд пешоб мекунед.

4 – Шустани даст ва аз дигарон нигоҳ доштани масофаи 1,8 метр – беҳтарин василаи эҳтиёт шудан аз вирус аст. Агар шумо дар хона маризи гирифтори Covid19 надошта бошед, ашёву анҷоми хонаи худро дезинфексия карданатон лозим нест.

5- Қуттиҳои бордошта, насосҳои газӣ, ароба ва банкоматҳо сироятпазир нестанд. Дастони худро бо собун шуста, хотирҷамъ бошед.

6-Covid19 инфексияи тавассути  ғизо сирояткунанда нест. Вируси мазкур амсоли зуком қатрагӣ буда, тавре собит гаштааст , Covid19 тавассути хӯрок ба касе сироят накардааст.

7 — Ба сауна рафта, шумо вирусҳои Covid19-ро, ки ба ҳуҷайраҳои ҷисм ворид шудаанд, нобуд сохта наметавонед.

8-Шумо қобилияти бӯйҳискуниро ҳангоми бемориҳои аллергикӣ ва инфексияҳои вирусӣ аз даст медиҳед, вале ин оризаи Covid19 буда наметавонад.

9—Баъди ба хона омадан шарт нест, ки зуд либоси худро иваз карда, ҳаммом кунед. Тозагиро риоя кунед, вале ба воҳима роҳ надиҳед.

10— Вируси Covid19 дар ҳаво намеистад. Он инфексияи қатрагӣ буда, танҳо дар сурати робитаи зич сироятпазир аст. Дар ҳавои тоза дар боғу гулгаштҳо бо риоя намудани масофа сайр кардан мумкин аст.

11— Covid19 новобаста аз қавму дин ҳамаро сироят мекунад.

12- Бар зидди Covid19 истифода бурдани собуни одӣ кифоя аст, собуни зидибактериявиро ба кор бурдан шарт нест.

13 – Ҳангоми дастрас намудани хӯроки тайёр хавотир нашавед. Агар хоҳиш дошта бошед, онро дар микроволновка гарм карда метавонед.

14- Шумо бо пойафзоли худ  Covid19 –ро ба хона оварда наметавонед. Ман муддати 20 сол зидди вирусҳо кор мекунам, инфексияҳои қатрагӣ бо чунин усул паҳн намешаванд.

15- Шумо аз вируси мазкур бо истеъмол намудани сирко, татум, сода ва занҷабил (имбирь) худро ҳифз карда наметавонед.

16 – Пушида гаштани дастпушак- амали нодуруст аст, вирус дар дастпушак ҷамъ шуда, ҳангоми ба рӯй даст расонидан ба осонӣ сироят мекунад. Беҳтараш дастонро бо собун шӯед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ