Дар Эрон беш аз 70 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтанд

Дар Эрон беш аз 70 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтанд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 70 933 нафар аз мубталоён ба вируси корона беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати  беҳдошти Эрон рӯзи  душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси  корона дар Эрон маълумот дод.
Ба изҳори ӯ, дар 24 соаи ахир дар Эрон 991 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ссабт гардидааст. Ба ҳамин минвол, дар қаламрави Эрон акнун 91 ҳазору 472 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур афзуд, «имрӯз пас аз 36 рӯз, теъдоди мавориди  ҷадид ё ибтилои рӯзона ба Ковид- 19 дар кишвар ба камтар аз ҳазор маврид расид».

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 96 нафар дар 24 соати гузашта гуфт: фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 806 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ