Дар Ӯзбекистон якбора паҳншавии инфексияи коронавирус мумкин 24-ӯми май ба охир расад

Дар Ӯзбекистон якбора паҳншавии инфексияи коронавирус мумкин 24-ӯми май ба охир расад



Дар ин бора дар тадқиқоте, ки Донишгоҳи технология ва дизайни Сингапур эълон кард, гуфт а шудааст.
Аз рӯи ҳисоби олимон дар Ӯзбекистон то 3-юми май 97 ,8-ӯми май 99,

ва 24-ӯми май 100 фоиз беморони коронавирус муайян карда мешаванд. Баъди ин ҳодисаи нави сирояти коронавирус рӯй намедиҳад.
Тадқиқотчиён дар 131 мамлакати дунё маълумоти вобаста ба коронавирусро омӯхтанд. Барои тартиб додани пешгӯӣ,аз ҷумла аз модели SIR-модели математикии паҳншавии инфексия, ки дар он рафти инкишоф ва тағйирёбӣ ( динамика )-и таъсирпазирӣ ба беморӣ, сирояти инфексия ва шифоёфтагон оварда шудааст, истифода бурдаанд. Муаллифони тадқиқот сарфи назар аз ин хулоса қайд мекунанд, ки ба ҳар як пешгӯӣ бояд эҳтиёткорона муносибат кард ва аз»некб инӣ ( оптимизм )-и аз ҳад зиёд» огоҳ мекунанд.

Шумораи аҳолии доимии Ӯзбекистон дар ҳолати 1-ӯми апрели соли равон 34 миллиону 36,8 ҳазор нафарро ташкил кард ва аз сари соли равон ба 134,6 ҳазор нафар ё ки 0,4 фоиз афзудааст.
Аз сайти «С.В.»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ