COVID-19. Дар ИМА шумораи беморони гирифтор ба коронавирус беш аз миллион нафар гардид

COVID-19. Дар ИМА шумораи беморони гирифтор ба коронавирус беш аз миллион нафар гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Ба ҳолати субҳи 28 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 64 ҳазору 830 нафар буда, аз онҳо 922 ҳазору 397 кас шифо ёфтаанд ва 211 ҳазору 609 тан вафот кардаанд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 10 ҳазору 507 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 56 ҳазору 803 нафар ва шумораи шифоёфтагон 138 ҳазору 990 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 229 ҳазору 422 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 793 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 23 ҳазору 521 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 120 ҳазору 832 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 199 ҳазору 414 нафар ва теъдоди фавтидагон 26 ҳазору 977 нафар мебошад.
Дар Франсия 165 ҳазору 842 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 23 293 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 158 ҳазору 758 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 126 мебошад.
Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 157 ҳазору 149 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 21 ҳазору 92 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 112 ҳазору 261 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 900 ва 33 791 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 91 ҳазору 472 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 806 нафар вафот кардаанд.
Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Чин пеш гузашта, ба ҷойи 9-ум баромад, дирӯз 6 198 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 87 147 кас расид. Аз ин шумора 7 346 нафар табобат шуда, 794 кас фавтидаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 836 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ