Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия аз Эрон пеш гузашта, ба ҷойи ҳаштум баромад

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия аз Эрон пеш гузашта, ба ҷойи ҳаштум баромад
  • Post category:Ҷаҳон

Имрӯз шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 93 ҳазору 558 нафар расид. Давоми рӯз дар он 6 411 ҳолати нав ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 8 456 нафар ва шумораи фавтидагон 867 кас мебошад. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия рӯзе қабл аз Чин ва имрӯз аз Эрон пеш гузашта, ба ҷойи 8-ум баромад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 11 289 ва 9 410 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 75 нафар фавтида, 1 740 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 239 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 992 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.
Дар Молдова 3 481 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 925 нафар шифо ёфтаанд ва 102 каси дигар вафот кардаанд.
Дар Қазоқистон ва Қирғизистон шумораи беморон мутаносибан 2 982 ва 708 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон фавти беморони гирифтор ба коронавирус – 25 нафар аст. Дар он аз шумораи умумии сироёятшудагон 725 нафар шифо ёфтаанд. Дар Қирғизистон 8 ҳолати фавт сабт гардида, 416 нафар табобат шудаанд.
Шумораи мубталоёни навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон имрӯз 59 нафар зиёд шуда, ба 1 867 кас расид. Дар он 866 нафар шифо ёфта, 30 каси дигар вафот кардаанд.
Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 678 нафар буда, аз онҳо 1 162 нафар табобат шудаанд ва 22 кас фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ