Давоми моҳҳои январ-марти соли равон чанд нафар шаҳрванди мамлакати мо ба хориҷа кӯч бастанд?


Давоми моҳҳои январ-марти соли равон 1906 нафар аз Ӯзбекистон ба дигар кишварҳои хориҷӣ кӯч бастаанд. Аз ҷумла ба Қазоқистон – 1 234 нафар, Русия – 557, Қирғизистон – 18 ва Исроил низ – 18 кас.
Дар ҳамин ҳол, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кӯчбастагон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 15 нафарро ташкил додааст. Ин теъдод 0,8% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки давоми моҳҳои январ-марти соли равон 140 нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон кӯч бастаанд, ки 28,6% аз ҳаҷми умумии кӯчбастагони хориҷиро ташкил медиҳад.
Тавре Кумитаи давлатии омори мамлакат хабар медиҳад, шумори умумии кӯчбастагони хориҷӣ ба Ӯзбекистон дар ин давра ба 490 нафар баробар аст: аз Қазоқистон – 167 нафар, Тоҷикистон – 140, Русия – 96 ва Қирғизистон – 35 кас.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ