Хитой ба Ӯзбекистон ёрии башардӯстона фиристод

Хитой ба Ӯзбекистон ёрии башардӯстона фиристод


Субҳи барвақт, санаи 29 — уми апрел аз ҷониби ҳукумати Хитой ёрии башардӯстона ба воситаи тайёраи махсус ба шаҳри Тошканд омада расид.
Тибқи хабари сафоратхонаи Хитой дар Ӯзбекистон, қисми боқимондаи молҳои барои ёрӣ ҷудо кардашуда дар рӯзҳои наздик ба Ӯзбекистон оварда мешавад. Дар қисми боқимондаи он 100 ҳазор тест, 50 ҳазор либосҳои тиббии ҳимоягӣ, 150 ҳазорто ниқоби тиббӣ, 1 миллион ниқобҳои ҷарроҳии тиббӣ, 150 ҳазорто дастпӯшакҳои тиббӣ, 1000 дона термометри масофавӣ мавҷуд аст — мегӯяд дар хабар.
Хотиррасон менамоем, ки ин ёрии инсонпарваронаи дуюми ҳукумати Хитой ба ҳисоб меравад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ