Дар Тоҷикистон номгузориро бо пасвандҳои русӣ манъ карданд


Дирӯз дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурияти Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд,  ки бар асоси он истифодаи пасвандҳои русӣ пурра манъ гардиданд. Дар ин бора дафтари матбуотии палатаи поёнии Парлумони ин кишвар хабар медиҳад.
Дар забар зикр гаштааст, ки мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, — ова, — ев , — ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои — овна, — евна, — ович, — евич пурра манъ карда мешавад.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои «пур», «духт», пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «иён», «ёр», «ниёр», «фар» истифода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ