Дар Русия теъдоди аз ҳама зиёди дардмандон ба Маскав рост меояд

Дар Русия теъдоди аз ҳама зиёди дардмандон ба Маскав рост меояд

  • Post category:Ҷаҳон


Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар Русия мегӯяд, тӯли як шабонарӯз ошкор шудани боз 5,8 ҳазор ҳолатии нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст. Ин теъдод маризон дар 82 манотиқи Русия ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамин тариқ ба иттилои ситоди мазкур, теъдоди умумии дардммандони коронавирус дар Русия ба 99 399 нафар баробар шудаст.
Зимнан, бо фавти 108 бемор дар як шабонарӯз, шумораи умумии қурбониён 972 нафар ҳисобида шудаст.
Зикр мегардад, ки теъдоди аз ҳама зиёди дардмандон ба пойахти Русия рост меояд. Шабонарӯзи гузашта дар Маскав 2220 ҳолати нави сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидаст. Дар мақоми дуввум аз лиҳози шумори ҳолатҳои нави гирифторшавӣ вилояти Маскав қарор дорад. Шаҳри Санкт — Петербург дар мақоми саввум ҷой гирифт.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди шифоёфтагон низ кам набуда, танҳо дар як шабонарӯз 1830 нафар шифо ёфтанд. Ҷамъан, аз бемористонҳо Русия беш аз 10 ҳазор бемор комилан сиҳат гардида, ҷавоб шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ