Дар Қирғизистон вазъияти фавқулодда 12 рӯз дароз карда шуд

Дар Қирғизистон вазъияти фавқулодда 12 рӯз дароз карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазъияти фавқулодда бинобар хуруҷи бемории коронавирус дар Қирғизистон барои 12 рӯзи дигар тамдид карда шуд.
Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, дар ин бора Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пас аз ҷаласаи Шӯрои амният изҳор доштааст.
Ҳамакнун  ҳолати фавқулода дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод ва ноҳияи Ат-Башини вилояти Норини Қирғизистон то 10 май идома мекунад.
Гуфта мешавад, тасмими мазкур баъди суханронии ноиб-сарвазир Қубодбек Боронов ва вазири тандурустии он кишвар Собирҷон Абдикаримов оид ба вазъи кунунии сирояти вируси коронавирус дар ин кишвар гирифта шудааст.
Жээнбеков гуфтааст, ҳукумат ва тамоми мақомоти давлатӣ бояд татбиқи чораҳои зиддибӯҳронии тавсиякардаи Шӯрои Амниятро идома диҳанд.
Дар Қирғизистон то 28-уми апрел шумораи мубталоёни коронавирус ба 700 нафар  расида, аз он ҳашт нафар вафот карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ