Давлатҳое, ки бар коронавирус ғолиб омадаанд, эълон шуданд

Давлатҳое, ки бар коронавирус ғолиб омадаанд, эълон шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Мувофиқи маълумотҳо Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав бо бархӯрди пандемияи коронавирус пирӯз шуданд. Дар ин бора CNBC дар асоси ҳисоботи муттахассисон хабар дод.
Дар замони имрӯза, ки ҷаҳон бо сирояти коронавирус мубориза мебарад, Австралия, Зеландияи Нав ва Кореяи Ҷанубӣ оҳиста-оҳиста ба тарзи ҳаёти пешинаи худ бармегарданд.
Бекор кардани маҳдудиятҳо дар ин кишварҳо ва дубора оғоз ёфтани иқтисодиёт онҳоро барои кишварҳо барои сармоягузорон қулай ва боэътимод мегардонанд. Аз ин рӯ, арзиши пули миллии ин кишварҳо ба сатҳи рекордӣ расидааст.
Аз рӯи гуфтаи муттахассисон, вазъият дар Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав аз кишварҳои дигари ҷаҳон ба куллӣ фарқ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ