Рейтинги беҳтарин футболбозони асри XXI эълон карда шуд

Кӣ дар ҷойи аввал: Месси ё Роналду?
Сомонаи расмии ProFootballDB рейтинги беҳтарин футболбозони қарни 21-ро эълон намудааст.
Тибқи ҷадвали раддабандӣ дар зинаи аввали  ҳамлавари аргентинии бошгоҳи “Барселона” Месси бо соҳиб шудани 100 имтиёз қарор гирифтааст.
Ҷойи дуввумро бошад, бошад, форварди  Криштиану Роналду футболбози португалӣ ва ҳамлвари “Ювентус” бо касби 100 имтиёз аз худ намудааст.
Тйерри Анри  дар ҷойи се, Луис Суаресу дар зинаи чор ва Златан Ибрагимовичу  Ҳарри Кейн дар зинаҳои панҷуму шашушм қарор гирифтаанд
 Муҳаммад Салоҳ футболбози мисрӣ ва ҳамлавари “Ливерпул” дар ҷойи ҳафт ва Неймар бошад дар зинаи ҳашт қарор гирифтааст.
Ҷойҳои нуҳум ва даҳуми раддабандӣ насиби  Роберт Левандовский ва Радамел Фалкао шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ