Дар Қазоқистон як зани 100-сола аз бемории коронавирус шифо ёфт

Дар Қазоқистон як зани 100-сола аз бемории коронавирус шифо ёфт

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Қазоқистон як зане, ки ба қарибӣ 100-сола шуд, аз гирифтории бемории коронавирус шифо ёфтааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.
«Табибон … дар ноҳияи Аршали бемор Силина Полина Алексеевнаро ба кафкубӣ гусел карданд, ки ӯ аввали моҳи май 100-сола мешавад. Вай тавонист аз коронавируси COVID-19 комилан шифо ёбад»,- гуфта мешавад дар гузориш.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳолати мазкур эътимоди табибонро ба табобати беморони куҳансол ва вазнин тақвият мебахшад.
Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи коршиносон, сироят барои пиронсолон махсусан хатарнок аст, ки хатари марг аз ин бемориро зиёдтар доранд.
Тибқи оморҳои ахир то имрӯз шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 3 ҳазору 19 нафар расидааст.
То кунун аз ин беморӣ дар ин кишвар 754 нафар шифо ёфта 25 тани дигар фавтидаанд.
Ҳоло дар Қазоқистон вазъияти фавқулода аст, ки он аз 16-уми март ҷорӣ шуда буд ва ахиран ин низом то 11-уми май дароз карда шуд.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар навбати худ ҳушдор дод, ки рӯзи 11-уми май вазъияти фавқулода танҳо дар сурати бардошта хоҳад шуд, ки агар гирифтории зиёд ба ин беморӣ қайд нагардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ