Артур Таймазов донишҷӯёни ӯзбекро дастгирӣ намуд

Артур Таймазов донишҷӯёни ӯзбекро дастгирӣ намуд


Аъзои собиқи дастаи яккачини Ӯзбекистон, қаҳрамони бисёркаратаи олимпӣ ва ҷаҳон оид ба гӯштини озод Артур Таймазов низ ба кори хайр даст зад.
Мувофиқи маълумоти хизмати матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, варзишгари номбурда ба донишҷӯёни ӯзбек, ки дар Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Кавкази Шимолии Владикавкази Россия таҳсил мекунаду дар хобгоҳ мондаанд аз ҳисоби худ маҳсулотҳои хӯрокворӣ тақдим кард.
“Дар хобгоҳ тақрибан 100 нафар донишҷӯи ӯзбек низ зиндагӣ мекунанд. Ҳама медонанд, ки Ӯзбекистон ватани дуюми ман аст ва ман онро дӯст медорам, — мегӯяд Артур Таймазов. -Тамоми фаъолияти варзишии ман бо Ӯзбекистон робита дорад. Ман ин кишвари аҷибро дӯст медорам, ва халқи Ӯзбекистонро эҳтиром мекунам. Аз ин рӯ, беэътиборӣ ба зиндагии ин бачаҳо нодуруст аст. Агар хешовандони мо дар Ӯзбекистон ҳамин тавр мемонданд, шубҳа нест, ки ин халқи меҳмондӯст ба онҳо беэътиборӣ намекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ