Дар Русия беш аз 70 шифокор аз сирояти коронавирус вафот карданд

Дар Русия беш аз 70 шифокор аз сирояти коронавирус вафот карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар Федератсияи Русия беш аз 70 шифокор бар асари гирифтор шудан ба маризии сироятии коронавирус ҷон аз даст доданд.
Қурбони коронавирус шудани беш аз 70 пизишкро Николай Брико эпидемиологи рус таъйид намудаст.
Номбурда дар ин бора зимни як ҷаласаи видеоӣ ибрози назар намуд. 
«Дар кишвари мо, ҳоло дар бисёр минтақаҳо сарчашмаҳои сершумори бемории коронавирус, пеш аз ҳама дар муассисаҳои тиббӣ вуҷуд доранд. Шумораи духтурони бемор меафзояд ва ҳатто духтурони рус дар шабака номи ҳамкасбони худро, ки дар вақти пандемия аз коронавирус фавтиданд, нашр карданд, дар он зиёда аз 70 ном мавҷуд аст» — афзудааст Брико.
Вай инчунин таъкид кард, ки Русия то ҳол ба қуллаи баланди авҷи ин маризӣ нарасидааст, аммо афзоиши сироятҳои нав коҳиш ёфта истодааст.
«Барои муқоиса, дар давраи аввали хуруҷи маризии коронавирус тақрибан 27 дарсади  ҳолатҳои нав ба қайд гирифта шуда буданд, ҳоло 5,9 фоизро ташкил медиҳад. Тамоюли ба эътидол омадани вазъ дар рӯзҳои наздик вуҷуд дорад», — гуфт эпидемиолог.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия феълан 99 399 маризи коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Аз замони бурузи ин маризӣ дасти кам 972 бемор қурбон шуданд. Инчунин табибон беш аз 10 ҳазор беморро шифо бахшида аз бемористонҳо мураххас намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ