COVID-19: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?

Ба ҳолати соати 10-и 30 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 220 ҳазору 969 нафар буда, аз онҳо 1 миллиону  1 ҳазору 71 кас шифо ёфтаанд ва 228 ҳазору 251 тан вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 64 ҳазору 572 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 61 ҳазору 669 нафар ва шумораи шифоёфтагон 147 ҳазору 411 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 236 ҳазору 889 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 771 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 24 ҳазору 275 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 132 ҳазору 929 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 203 ҳазору 591 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 27 ҳазору 682 нафар ва 71 ҳазору 252 кас мебошад.

Дар Франсия 166 ҳазору 420 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 24 087 ҳолати фавт ва 48 228 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 165 ҳазору 221 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 26 ҳазору 97 нафар мебошад.

Дар Германия теъдоди мубталоён 161 ҳазору 539 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 467 ва теъдоди шифоёфтагон 120 400 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 117 ҳазору 589 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 081 ва 44 040 нафар мебошад.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум мебошад, дирӯз 5 841 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 99 399 кас расид. Аз ин шумора 10 286 нафар табобат шуда, 972 кас фавтидаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 93 ҳазору 657 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 957 нафар вафот кардаанд ва 73 ҳазору 791 кас сиҳат шудаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 862 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 610 кас шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ