Дар Тоҷикистон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус тасдиқ гардид. Оё ин рост аст?

Дар Тоҷикистон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус тасдиқ гардид. Оё ин рост аст?

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аввалин ҳолати гирифторӣ ба «вируси корона» дар Тоҷикистонро тасдиқ кардааст.
Бино бар гузоришҳои восила ба Sputnik Тоҷикистон, ин эътироф дар ҷамъомади изтирории комиссияи ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии «вируси корона» ё COVID-19, ки имрӯз таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва ҳам раиси ин Ситод баргузор шуд, зикр шудааст.
Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, дар ин ҷаласа ба вазъи кунунии ҳолат баҳои муносиб дода, ба ин натиҷа расидаанд, ки вуҷуди «вируси корона» дар Тоҷикистон эътироф ва тариқи телевизиони давлатӣ эълон шавад.
«Барои эълони ин хабар ба ҷомиаи Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандуруастии Тоҷикистон вазифадор шудааст. Интизор меравад, ӯ тариқи телевизион аз утоқи кории худ ин хабарро ба мардуми Тоҷикистон бирасонад», — гуфтаанд ба Sputnik Тоҷикистон.

sputnik-tj.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ