Рӯза ва рӯзадорӣ: 10 саволро 10 ҷавоб

Рӯза ва рӯзадорӣ: 10 саволро 10 ҷавоб

  1. Оё мумкин аст, ки шахси рӯзадор дандонҳояшро бо хамираи дандон пок созад?
    Ҳангоми рӯзадор будан истифодаи хамираи дандон макрӯҳ мебошад. Аммо агар он аз гулӯ нагузарад, рӯза вайрон намешавад.
    Чизеро ба даҳон андохта, чашидан макрӯҳ аст. Аммо дар ин ҳолат рӯза вайрон намешавад (аммо агар чизи чашидаро фурӯ барад, рӯза вайрон мешавад).
  2. Оё истифодаи сӯзандору рӯзаро вайрон мекунад?
    Олимон иттифоқ намудаанд, ки агар шахси рӯзадор сӯзандоруро паҳлӯ гашта, дар байни мушакҳо гирад, рӯза вайрон нахоҳад шуд. Воридшавии чизҳое ба монанди равған тавассути пӯст, рӯзаро вайрон намекунад.
    Инчунин, ҳамаи олимон розӣ шудаанд, ки тавассути ҷойҳои дигар воридшавии чизе ба пӯст масалан, ҳангоми газидани мор (аз рагҳо газад ҳам), дар натиҷаи бо оби сард оббодзӣ кардан тавассути бадан ба дарун гузаштани об рӯзаро вайрон намекунад.
  3. Оё касе аз рӯи зарурат дандонҳояшро барканад, рӯза вайрон мешавад?
    Вайрон шудан ва ё нашудани рӯза танҳо ба он вобаста аст, ки чизе аз гулӯ гузарад. Агар ҳангоми дандонро кандан ягон чизе аз гулӯ нагузарад, рӯза вайрон намешавад.
  4. Оё чайқондани даҳон бо об рӯзаро вайрон мекунад?
    Барои шахси рӯзадор ба даҳон об гирифтан мумкин нест. Зеро агар чакраи об аз гулӯ гузарад, рӯза вайрон мешавад.
  5. Агар каси рӯзадор аз хотир фаромӯш карда, надониста таомеро истеъмол намояд, оё рӯзааш вайрон мешавад?
    Агар кас худ надониста, таъом истеъмол намояд ва ё об нӯшад, рӯза вайрон намешавад.
    Пас аз худ надониста истеъмол кардани таъом, рӯзадор буданаш ба хотир расаду «Акнун рӯзаам вайрон шуд» – гӯён боз хӯрданро давом диҳад, рӯзааш вайрон мешавад. Аммо каффорат намешавад.
    Агар надониста таъом бихӯраду баъд аз ба ёд омадани он вайрон нашудани рӯзаашро дониста, боз таъомхӯриро давом диҳад, дар ин ҳолат рӯза вайроншуда, каффорат мешавад.
  6. Оё шахси рӯзадор, ки ғайбат вайрон кардани рӯзаро дониста, ғайбат намояд ва таъом хӯрад рӯзааш вайрон мешавад?
    Агар дидаву дониста ғайбат намояд ва таъом бихӯрад, рӯзааш шикаста, каффорат мешавад.
  7. Оё шахси рӯзадор, дуди ҳазориспанд ва бӯғҳои гиёҳҳои шифобахшро бӯ кунад ва нафас гирад, рӯзааш мешиканд?
    Агар шахси рӯзадор дидаву дониста дуд ва буғи гиёҳҳои шифобахшро бӯ ва ё нафас кашад, рӯзааш мешиканад.
  8. Оё дар бадан равған (маз)-ҳои шифобахш ва монанди инҳоро моланд, рӯза вайрон мешавад?
    Дар ин ҳолат рӯза вайрон намешавад. Тавассути пӯст ба дарун ворид шудани равған ва ё монанди инҳо рӯзаро вайрон намекунад.
  9. Агар шахси рӯзадор бо оби шӯр даҳонашро чайқонад, рӯзааш мешиканад?
    Новобаста аз он ки об тоза бошад ва ё шӯр бошад, рӯзадор метавонад бо он таҳорат гирад ва ё даҳонашро чайқонад. Дар чунин ҳолат рӯзааш намешиканад.
    10 . Агар шахси бемор ва ё мусофир дар моҳи Рамазон рӯза гирифта натавонад, оё лозим аст, ки худро аз хӯрдану нӯшидан нигоҳ дорад?
    Дар моҳи Рамазон онҳое, ки бемор ва ё дар сафар ҳастанд, лозим нест, ки худро чун рӯзадорон аз хӯрдану нӯшидан нигоҳ доранд. Аммо ҳангоми таъомхӯрӣ бояд дар ҷойи аз одамон холи таом хӯранд.

Аз китоби «Мӯминнинг қалқони»
тарҷума карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ