Шаҳрванди ба ходимони Хизмати роҳ-патрул сарнафароварда ба 12 шабонарӯз ҳабс гардид

Шаҳрванди ба ходимони Хизмати роҳ-патрул сарнафароварда ба 12 шабонарӯз ҳабс гардид

Рӯзи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар атрофи соатҳои 16:00 ходимони ХРП дар кӯчаи Спитаменшоҳи шаҳри Самарқанд бо мақсади аниқ намудани ҳолатҳои ҳаракати бемақсаду бесабаби соҳибони автомошинҳо тадбири санҷишӣ мегузаронданд. Ҳолати бемақсад ва бесабаб ҳаракат намудани соҳиби автомобили русуми «Нексия 3» аниқ гардидааст. Соҳиби ин автомобил талабҳои қонунии ходимони ХРП — ро иҷро накарда, зиддият нишон дода, эътибори атрофиёнро ба худ ҷалб кардааст. Аз рӯйи ҳолати мазкур аз ҷониби Суди маъмурии шаҳри Самарқанд баённома расмӣ кунонида шудааст. Ҳуҷҷатҳо ба суд тақдим гардидааст. Ба қоидашикан аз ҷониби суди маъмурӣ дар асоси моддаҳои дахлдори кодекс барои ҷавобгарии маъмурӣ ба муддати 12 шабонарӯз ҷазои ҳабс дода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ