COVID-19: Хитой аз сафи даҳгонаи пешқадам баромад. Дар ҷойи даҳум Бразилия

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 308 ҳазору 874 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 42 ҳазору 993 кас шифо ёфтаанд ва 234 ҳазору 133 тан фавтидаанд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 95 ҳазору 304 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 63 ҳазору 871 нафар ва шумораи шифоёфтагон 155 ҳазору 737 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 239 ҳазору 639 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 740 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 24 ҳазору 543 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 137 ҳазору 984 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 205 ҳазору 463 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 27 ҳазору 967 нафар ва 75 ҳазору 945 кас мебошад.
Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 171 ҳазору 253 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 26 ҳазору 771 нафар мебошад.
Дар Франсия 167 ҳазору 178 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 24 376 ҳолати фавт ва 49 476 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 163 ҳазору 9 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 623 ва теъдоди шифоёфтагон 123 500 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 120 ҳазору 204 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 174 ва 48 886 нафар мебошад.
Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум мебошад, дирӯз 7 099 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 106 498 кас расид. Аз ин шумора 11 619 нафар табобат шуда, 1 073 кас фавтидаанд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 94 ҳазору 640 нафарро ташкил дода, аз онҳо 6 ҳазору 28 нафар вафот кардаанд ва 75 ҳазору 103 кас сиҳат шудаанд.
Дар Бразилия, ки он низ аз Чин пеш гузашт ва аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон ба ҷойи 10-ум баромад, 87 187 ҳолат тасдиқ шуда, аз онҳо 6 006 нафар фавтидаанд ва 35 935 кас сиҳат шудаанд.
Дар Чин, ки бемории мазкур бори аввал дар он хуруҷ карда буд, 82 ҳазору 874 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 642 тан шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ