Дар Афғонистон ба қувваҳои артиши ин кишвар ҳамла карданд

Дар Афғонистон ба қувваҳои артиши ин кишвар ҳамла карданд

  • Post category:Ҷаҳон

Котиби матбуоти пулиси вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз ҳамлаи афроди мусалаҳ ба неруҳои артиши ин кишвар хабар дод.
Абдулаҳад Вализода сухангуи пулиси вилояти Ҳирот гуфт, дар ин ҳамла, ки асри чоршанбе анҷом шуд, панҷ неруи артиши Афғонистон захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
То кунун гуруҳе масулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол пулиси вилояти Балхи Ағонистон ҳам эълон кард, неруҳои артиш ва амниятии ин кишвар гуруҳи Толибонро дар шонздаҳ шаҳристони ин вилоят шикаст додаанд. Дар ин даргириҳо, давоздаҳ узви гуруҳи Толибон аз ҷумла ду саркардаи ин гуруҳ ва панҷ неруи артиши Афғонистон кушта шуданд.
Дар ҳафтаҳои ахири ҳамлаҳои гуруҳи Толибон ба минтақаҳои мухталифи Афғонистон ташдид шуда ва ин гуруҳ дархости оташбаси Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишварро низ рад кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ